Оятуллоҳ Систонӣ ҳамлаи террористӣ ба мадрасаи духтарона дар Кобулро маҳкум кард
-
Маҷаъи олиқадри шиаён бар ҳимояти кишварҳои мусулмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз миллати бепаноҳи Афғонистон таъкид кард
Марҷаъи олиқадри шиаён дар Ироқ бо судури баёнияе зимни маҳкум кардани ҳамлаи террористии ахир ба як мадрасаи духтарона дар Кобул. аз кишварҳои ҷаҳон хост то иҷозат надиҳанд нақшаи шуме, ки бадхоҳон барои ояндаи Афғонистон кашидаанд иҷро шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Оятуллоҳ «Сайид Алии Систонӣ » марҷаъи олии қадари шиъаён дар Ироқ, бо интишори баёнияе ҳамлаи террористӣ ба мадрасаи Саид-уш-Шуҳадои Кобулро ба шиддат маҳкум кард ва ба миллати мазлуми Афғонистон ва бозмондагони хонаводаҳои қурбониён тассалият гуфт.
Дар ин баёния омадааст: Ҷинояти ҳавлноке, ки дар моҳи мубораки Рамазон иддаи зиёде аз духтарони донишомӯзи мадрасаи Саид-уш-Шуҳадои Кобулро ба хоку хун кашонид ва шаҳодати даҳҳо тан ва захмӣ шудани шумори бештареро дар пай дошт дили ҳар инсони озода ва бовиҷдонеро ҷариҳадор ва оганда аз ғаму андӯҳ мекунад.
Ин баёния меафзояд: Агарчӣ солҳост, ки ғайринизомиёни бепаноҳи Афғонистон ҳаразгоҳе як бор мавриди ҳамалоти ваҳшиёнаи гурӯҳҳои ифротӣ ва сангдил воқеъ мешаванд, вале ин ҷиноят дар навъи худ камназир ва аз ҷиҳатҳое дардовартар аст.
Оятуллоҳи Систонӣ бо ишора ба шароити душвори кунунии кишвари азизи Афғонистон ва бо тавваҷӯҳ ба эҳтимоли қудрат гирифтан беш аз пеши гурӯҳҳои тундраву ифротӣ, иттиҳод ва ҳамбастагии миллӣ миёни ҳамаи ақвому миллиятҳои ин кишвар ва ҳимояти ҳукумат ва раҳбарони миллӣ ва динӣ ва бузургони ҷомеаи Афғонистон аз ғайринизомиён ба хусус ақаллиятҳои қавмӣу ва мазҳабиро дар муқобили ҷинояти гурӯҳҳои террористӣ хостор шуд.
Марҷаъи олиқадари шиаён ҳамчунин бар ҳимояти кишварҳои мусулмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз миллати бепаноҳи Афғонистон таъкид кард.
Асри рӯзи шанбе ( 8 май ) се инфиҷори паёпай дар наздикии дабиристони духтарона дар минтақаи «Дашти Барчи » дар шаҳри Кобул рух дод, ки бар асари он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.
Бештар бихонед: