Май 12, 2021 17:36 Asia/Dushanbe

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ саҳаргоҳи имрӯз (чаҳоршанбе) ба шакли густарда зерсохтҳо, мақарҳо ва биноҳои давлатии фаластиниҳоро дар Борикаи Ғазза бомбаборон карданд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Аёд ал Базм, сухангӯи вазорати кишвари Фаластин дар Ғазза гуфт, ҷангандаҳои ишғолгарони саҳюнист ҳамаи сохтумонҳои полис дар Навори Ғазза ва мақари Созмони амнияти дохилиро дар сайти маъруф ба «шаҳри Арафот», бомбаборон ва тахриб карданд.

Сухангӯи вазорати кишвари Фаластин афзуд, дар ин сайт, ки ҳадафи ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ қарор гирифт, биноҳои полис, вазорати кишвар, иттилоот, идораҳои гузарнома, идораи омӯзишу парвариш ва марокизи амниятӣ ва ҳифозатӣ, донишкада ва марокизи омӯзишии полис қарор дорад.

Вай афзуд, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ беш аз 50 бор ба устон Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза ҳамла карданду ҳамаи марокизи давлатиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷаи таҷовузи онҳо даҳҳо зану кӯдак захмӣ шуданд.

Аёд ал Базм идома дод: ҷангандаҳои режими саюнистӣ ҳамчунин пойгоҳҳои холӣ аз нерӯ ва таҷҳизоти муқовимати Фаластинро дар манотиқи мухталифи навори Ғазза ҳадаф қарор доданд.

Саҳюнистҳо ҳамчунин дар идомаи таҷовузоти ҳавоии худ хонаҳои се тан аз раҳбарони гурдонҳои шуҳадои Ал Қисомро дар Ғазза бомбаборон карданд.

Вазорати беҳдошти Фаластин шумори шуҳадо ва захмиҳои ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори ғаззаро токунӯн 35 шаҳид шомили 12 кӯдак, 3 зан ва 233 захмӣ эълом кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп