Май 16, 2021 21:14 Asia/Dushanbe
  • Даргирии низомиёни саҳюнист бо фаластиниён дар Каронаи Бохтарии руди Урдун
    Даргирии низомиёни саҳюнист бо фаластиниён дар Каронаи Бохтарии руди Урдун

Низомиёни саҳюнист дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ ба фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарии руди Урдун юриш бурданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар посгоҳи Қаландия задухӯрдҳо миёни ҷангиёни Исроил ва Фаластин пас аз тирандозӣ дар ин минтақа шадидтар шуданд ва ҷангиёни саҳюнист рӯзи якшанбе ба хонаҳои наздик ба урдугоҳи Қаландия ҳамла карданд.

Бар асоси ин гузориш, минтақаи ал-Бира шоҳиди бештарин даргирӣ будааст ва дар шаҳри Тулкарм ду шаҳрванди фаластинӣ ба шаҳодат  расиданд

Расонаҳои режими ишғолгар аз тирандозӣ ба самти мошини шаҳракнишинони саҳюнист дар минтақаи наздик ба шаҳраки Кариёт Арбаъ дар Ал-Халил хабар доданд.

Шабакаи Ал-Олам эълом кард, низомиёни саҳюнист бо юриш ба фаластиниён дар Қудси ишғолӣ, 25 фаластиниро боздошт карданд. 

Дар ҳамини ҳол, дар пайи ташдиди танишҳо дар сарзамини ишғолӣ, кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ барои баррасии гомҳои баъдии амалиёти худ дар Ғазза ташкили ҷаласа дода ва эҳтимолан қасд дорад ба даргириҳо поён диҳад. 

Рӯзномаи саҳюнистӣ Маъарю низ навиштааст, ки нишасти кобинаи амнияти режими саҳюнистӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки узви Кнессет Нир Баракат қаблан аз сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу даъват кард, ки ҳамлаҳояш ба Ғаззаро идома диҳад.

Маълумоти бештар:

Барчасп