Рӯнамоии муборизони фаластинӣ аз мушаки "Қосим"
(last modified Mon, 17 May 2021 10:14:22 GMT )
Май 17, 2021 15:14 Asia/Dushanbe

"Саройё Ал-Қудс" барои нахустин бор тасовире аз мушаки "Қосим" , ки дар набард бо саҳюнистҳо ва дар амалиёти "шамшери Қудс" истифода шуд ва ба воситаи он нерӯҳои режими саҳюнистӣ дар шарқ Хон Юнус ҳадаф қарор гирифтанд; мунташир кард.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, ба гуфтаи   сухангӯии шохаи низомии Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ( Сароё Ал-Қудс ), дар набарди кунунӣ бо режими саҳюнистӣ аз мушакҳои ҷадид ва пешрафта аз ҷумлаи мушаки " Қосим" истифода шудааст. 

Дар ҳафтаи ахир, муқовимати Фаластин дар посух ба ҳамалоту ҷиноёти режими саҳюнистии шаҳракҳои саҳюнистӣ, аз ҷумла Тел-Авив ва Ашдуд ва фурудгоҳҳои Исроилро мушакборон кард, ки дар ин ҳамалот 10 саҳюнист ба ҳалокат  расида ва 46 нафар захмӣ шуданд.