Эътирофи мақоми собиқи Исроил ба пирӯзии Ҳамос дар ҷанги ахир
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i67496-Эътирофи_мақоми_собиқи_Исроил_ба_пирӯзии_Ҳамос_дар_ҷанги_ахир
Як мақоми собиқи режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар ҷанги ахир дар Навори Ғазза дастоварди бузургеро касб кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 22, 2021 21:39 Asia/Dushanbe
  • Йорам Коэн, раиси собиқ «ШОБОК» (Созмони иттилоот ва амнияти дохилии режими саҳюнистӣ)
    Йорам Коэн, раиси собиқ «ШОБОК» (Созмони иттилоот ва амнияти дохилии режими саҳюнистӣ)

Як мақоми собиқи режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар ҷанги ахир дар Навори Ғазза дастоварди бузургеро касб кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал Аҳд, Йорам Коэн, раиси собиқ «ШОБОК» (Созмони иттилоот ва амнияти дохилии режими саҳюнистӣ) ба нотавонии ин режим дар муқобила бо гурӯҳҳои муқовимат дар Ғазза изъон кард.

Ин мақоми собиқи режими саҳюнистӣ эътироф кард, бисёр сахт аст, ки бигӯем Исроил дар набарди ахири Ғазза пирӯз шудааст.

Ҷанги Исроил алайҳи Ғазза аз 10 май оғоз шуд ва пас аз 12 рӯз бо миёнҷигарии бозигарони хориҷӣ ба поён расид.

Шумори зиёде аз таҳлилгарону мақомоти сиёсии Исроил бар ин боваранд, ин ҷанг шикасти бузурге барои ин режим буд.

 

Бештар бихонед: