Шикваҳо ва ашкҳои духтари фаластинӣ дар миёни вайронаҳои ҷанг + филм
Тасвири духтарчаи даҳсолаи фаластинӣ. ки ба забони англисӣ аз мазлумияти миллати Фаластин дар ҷанги 11 -рӯза алайҳи наори Ғазза сухан мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурбоздид шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Алҷазира мубошир, дар ин видиёе, ки шабакаи Алҷазира онро мунташир кардааст, Надин Абдул Латиф, духтари 10-солаи фаластинӣ бо забони англисӣ озодона ҳарф зад, то зулми мардуми Фаластин ва амалҳои ваҳшиёнаи режими истилогари Исроилро дар ҷанги 11 рӯза алайҳи Навори Ғазза ба ҷаҳонён бирасонад.
Нодин дар як файли тасвирӣ, ки дар замони ҳамалоти ҳавоии ахири режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва бар рӯи вайронаҳои ношӣ аз ҷанг забт шудааст мегӯяд: «Ман наметавонам ҳеч коре анҷом диҳам . - Оё ҳамаи ин вайрониҳоро мебинед? Шумо аз ман чӣ интизоред? Ислоҳи корҳо? "Аммо ман ҳамагӣ 10 сол дорам!"
Вай илова мекунад: «Ман наметавонам он чиро пас аз ин рух медиҳад, таҳаммул кунам. Ман фақат мехоҳам доктор ё ҳар чизи дигаре бошам то ба миллатам кумак кунам, аммо бо ин авзоъ дигар наметавонам, зеро ман фақат як духтарбача ҳастам ва намедонам чӣ коре бояд анҷом диҳам. »
Нодин Абдуллатиф гуфт: «Ман эҳсоси тарс мекунам, аммо на зиёд. Дӯст доштам метавонистам ҳар коре аз дастам бармеояд барои миллатам анҷом диҳамм . Аммо намедонам бояд чӣ кор кунам, зеро ман фақат 10 сол син дорам ва вақте ин ҳамаи вайрониро мебинам ҳар рӯз гиря мекунам ва бо худам мегӯям чаро ин ҳамаи иттифоқ барои мо афтодааст? Хонаводаам мегӯянд онҳо ( саҳюнистҳо ) аз мо бадшон меояд, фақат ба хотири ин ки мо мусулмон ҳастем.»
Ин духтарбачаи фаластинӣ хитоб ба саҳюнистҳо идома медиҳад: «мусулмонҳо бо шумо чӣ кардаанд? Оё ҳамаи кӯдаконе, ки дар атрофи ман бударо мебинед? Онҳо фақат кӯдак ҳастанд. Чаро онҳоро бо мушак ҳадаф қарор медиҳед ва мекушед? Ин одилона нест.»
Бештар бихонед: