Май 28, 2021 16:46 Asia/Dushanbe

Башор Асад раиси ҷумҳурии кунунии Сурия, бо касби беш аз 95 дарсад овоз пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон,  Раиси парлумони Сурия Ҳаммуда Саббоҳ  субҳи рӯзи ҷумъа (28 май) дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Башор Ҳофиз Асад бо касби 95,1 дарсади овозҳо дар интихоботи президентӣ пирӯз шудааст.

Бар асоси эъломи раиси парлумони Сурия, аз 14 миллиону 239 ҳазор сурӣ, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карданд 13 миллиону 540 ҳазору 360 нафар ба Башшор  Асад овоз додаанд.

Маҳмуд  Аҳмад  Мерӣ Mahmoud Ahmad Marei ва Абдуллоҳ  Саллум Абдуллоҳ  дигарҳ номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурия низ ба тартиби 470 ҳазору 276 овоз ( муодили 3, 3 дарсади овоз ) ва 213 ҳазору 968 овоз ( муодили 1, 5 дарсади овоз ) касб карданд. 

Раиси порлумони Сурия мушорикати мардумӣ дар ин давра аз интихоботи раёсати ҷумҳуриро 78 дарсад эълом кард. 

Башшор Асад пас эъломи пирӯзиаш дар интихобот дар паёме аз тамоми мардуми Сурия ба хотири ҳисси миллигароӣ ва мушорикати чашмгирашон дар интихобот қадрдонӣ кард. 

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурияи чаҳоршанбеи гузашта бо рақобати се номзад баргузор шуд.

Шаҳрвандони хориҷ аз кишвар низ панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар интихобот ширкат карда буданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп