Май 28, 2021 17:52 Asia/Dushanbe
  • Шайх Наим Қосим, ​​муовини Сайид Ҳасани Насруллоҳ гуфт, ки ӯ ба корона мубтало нашудааст
    Шайх Наим Қосим, ​​муовини Сайид Ҳасани Насруллоҳ гуфт, ки ӯ ба корона мубтало нашудааст

Дар пайи иддаоҳое дар бораи мубтало шудани дабири кулли ҳизбуллоҳи Лубнон ба корона, муовини Сайид ҳасан Насруллоҳ дар бораи вазъияти саломатии ӯ тавзеҳ дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии ан-Нашраҳ муовини дабирикулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шайх  Наим Қосим  гуфт: «Сайид Ҳасани Насруллоҳ  ахиран  дучори беморӣ шуд ва лозим буд муддате истироҳат кунад, аммо масъалае бештар аз ин нест.»

 

 Шайх Наим Қосим афзуд: «Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар рӯзҳои ахир ба як оризаи ҷисмонӣ дучор шуд ва ба ду се рӯзи замон барои беҳбудӣ ниёз дошт, аммо ба ин далел, ки дӯстдорони вай мунтазири суханрониаш дар биступанҷуми май ( солгарди озодии ҷануби Лубнон аз ишғоли Исроил ) буданд ва аз онҷо ки суханронӣ накардани ӯ саволҳоеро ба вуҷуд меовард, вай бар суханронӣ исрор варзид.»

Сайид Ҳасан Насруллоҳ рӯзи 25 май дар суханронии худ таъкид карда буд, ки ба бемории корона мубтало нашуда ва ҳеҷ аворизе аз ин беморӣ дар ӯ нест.

Бештар масъулони амниятӣ ва низомии режими исроил муддаӣ шуда буданд, ки Сайид ҳасан Насруллоҳ ба корона мубтало шудааст, чунки вай дар суханронии ахири худ сурфа мекард.

Барчасп