Май 30, 2021 09:18 Asia/Dushanbe
  • пароканда кардани тазоҳуркунандагони фаластинӣ дар минтақаи Шайх Ҷарроҳ
    пароканда кардани тазоҳуркунандагони фаластинӣ дар минтақаи Шайх Ҷарроҳ

Нерӯҳои амниятии режими саҳюнистӣ тазоҳуроти фаластиниҳоро дар маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ дар Қудси ишғолӣ саркуб карданд .

  Ба гузориши ИРНА,низомиёни саҳюнистӣ асри шанбе барои пароканда кардани тазоҳуркунандагони фаластинӣ дар минтақаи Шайх Ҷарроҳ ба сӯи онони бомбаи савтӣ шиллик карда ва онҳоро мавриди зарбу лат қарор доданд .

Низомиёни саҳюнист ҳамчунин ба сӯи хабарнигороне, ки барои пӯшиши хабарӣ дар маҳал ҳузур доштанд, бомби савтӣ шиллик карданд .

Иқдомоти режими саҳюнистӣ барои тахрибу ишғоли маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ дар бахши шарқии Байтулмуқаддас ва низ таъаррузи саҳюнистҳо ба масҷиди Алақсо, мӯҷиби оғози даври ҷадиди даргириҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ шуд .

Низомиёни ишғолгари саҳюнист аз рӯзи душанбе ( 10 май ) ҳамалот ва таҷовузҳои ваҳшиёна алайҳи борикаи Ғазза ва фаластиниҳоро оғоз карданд, ки бо ҳамалоти шадиди муқовимат ба шаҳракҳои саҳюнистӣ ғофилгир шуданд ва ( 21 май ) тарҳи оташбасро эълом карданд . Бар асари ин ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза 303 фаластинӣ шаҳид ва ҳазорон тани дигар захмӣ шуданд .

Гурӯҳҳои муқовимат низ дар посух ба идомаи таҷовузҳои саҳюнистҳо шаҳракҳои саҳюнистинишинро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор доданд, ки дар ин ҳамалот 12 саҳюнист ба ҳалокати расид ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп