Май 30, 2021 18:44 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти Ҳашдушшаъби алайҳи ДИИШ дар шарқи Ироқ

Фармондеҳи созмони Ҳашдушшаъби аз оғози амалиёти низомии ин созмон алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ дар устони Диёла, дар шарқи Ироқ хабар дод.

Аҳмад Тамими, фармондеҳи созмони Ҳашдушшаъбии Ироқ гуфт: Ягонҳое аз ин созмон, аз ду меҳвари аслии наздики Саидия (70 километрии шарқи Баъқуба) ва атрофи садди Ҳамрин амалиёти таъқиби афроди гурӯҳи террористии ДИИШ - ро оғоз карданд.

Тамими таъкид кард: Ин амалиёт дар чорчӯби роҳбурди таъмини амнияти ноҳияи Саидия ва манъи ҳар гуна таҳарруки аносури ДИИШ, ба вижа дар манотиқи кишоварзии ин минтақа анҷом мешавад.

Нерӯҳои созмони Ҳашдушшаъби дар 13 бахши марзҳои устони Диёлаи Ироқ мустақар ҳастанд ва нақши муҳиме дар таъмини амнияти ин манотиқ доранд.

Як манбаи амниятӣ рӯзи шанбе аз ҳуҷуми аносури ДИИШ ба нерӯҳои Ҳашдушшаъби дар минтақаи Ҳавзи Ҳамрин, дар устони Диёла ва маҷрӯҳ шудани ду тан аз ин нерӯҳо хабар дод, ки дар ин ҳамла ду тан аз нерӯҳои ин созмон маҷрӯҳ шуданд.

Бо вуҷуди шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, бақоёи ин террористҳо ҳамчунон дар ин кишвар ҳузур доранд. Артиш ва нерӯҳои Ҳашдушшаъбии Ироқ то кунун амалиётҳои зиёдеро барои поксозии манотиқи мухталифи ин кишвар аз ишғоли гурӯҳҳои террористӣ анҷом додаанд, ки ин иқдомот ҳамчунон идома дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп