Октябр 27, 2016 19:32 Asia/Dushanbe
  • Поёни муваффақиятомези марҳалаи дувуми амалиёти озодсозии Мусил

Фармондеҳи нерӯҳои заминии Ироқ гуфт, дар марҳалаи сеюми амалиёти Мусил қарор аст, нерӯҳои ироқӣ вориди шаҳрҳои муҳосирашуда шаванд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи "Хабар"-и Эрон, бо муваффақиятомез поён ёфтани марҳалаи дувуми амалиёти озодсозии Мусил сарлашкар Риёзҷалоли Тавфиқ, фармондеҳи нерӯҳои заминии Ироқ, ки фармондеҳии меҳвари ҷанубу шарқи Мусилро дар амалиёти озодсозии ин шаҳр аз ишғоли ДИИШ бар уҳда дорад, аз вуруди нерӯҳои ироқӣ ба Мусил дар марҳалаи сеюми амалиёт хабар дод. Сарлашкар Тавфиқ рӯзи панҷшанбе гуфт, «бо наздик шудани нерӯҳои ироқӣ ба Мусил ва вуруд ба ин шаҳр қиёми мардумӣ дар дохили шаҳр алайҳи пайравони ДИИШ оғоз хоҳад шуд ва мо барои наҷоти ғайринизомиён аз зулму ситами террористҳо талош хоҳем кард». Ӯ афзуд, нерӯҳои ироқӣ барномаи комиле барои мубориза бо пайравони ДИИШ ва таъқибу нобудии онон дар дохили Мусил доранд ва шаҳрвандони Ироқ бояд худро аз террористҳо дур кунанд.

Бархе расонаҳои ироқӣ низ аз зуҳури чанд гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи ДИИШ дар шаҳри Мусил дар рӯзҳои ахир бо ҳадафи заминачинӣ барои оғози қиёми мардумӣ алайҳи ин гурӯҳи террористӣ хабар доданд. "Франс пресс" низ ба нақл аз теъдоде аз сокинони шаҳри Мусил гузориш дод, ки бисёре аз террористҳо бо наздик шудани нерӯҳои ироқӣ ба шарқи ин шаҳр тағйири чеҳра додаанд. Яке аз сокинони Мусил ба номи мустаори Абусайф гуфтааст, диишиҳое, ки қаблан онҳоро ба шакли дигаре дида будаанд, акнун шурӯъ ба тарошидани ришу тағйир додани чеҳра кардаанд ва ба назар мерасад, тарсидаанд, ё барои фирор омода шудаанд.