Июн 06, 2021 17:05 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши ҲАМОС ба ҳуҷуми эҳтимолии режими саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо

Раиси ҷумбиши ҲАМОС дар навори Ғазза гуфт: Агар саҳюнистҳо бори дигар ба Масҷидулақсо бозгарданд, муқовимат замину замонро бар сари Тел-Авив хароб мекунад.

Яҳё Ассинвор, раиси ҷумбиши муқовимати исломии ҲАМОС дар навори Ғазза имрӯз, якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории фаластинии “Сафо” дар бораи фарохонҳои таҳрикомези гурӯҳҳои ростгароии ифротии Исроил барои баргузории “роҳпаймоии парчамҳо” дар шаҳри Қудс, дар рӯзи панҷшанбеи оянда гуфт: Агар саҳюнистҳо барои таҷовуз ба Масҷидулақсо бозгарданд, мо низ бозхоҳем гашт ва дар ин моҷаро аз ҷониби мо ҷойи ҳеч шаку тардиде нест.

Гурӯҳҳои шаҳракнишин ва ростгарои ифротӣ аз саҳюнистҳо даъват кардаанд, ки дар роҳпаймоии таҳрикомези мавсум ба “роҳпаймоии парчамҳо” дар рӯзи панҷшанбеи оянда дар шаҳри Қудси ишғолӣ ширкат кунанд.

Рӯзномаи саҳюнистии “Едиот Аҳронот” навишт: Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ, ки мунтазири гирифтани муҷаввиз ва мувофиқати полиси Исроил ҳастанд, аз Бобуломуд, Ассоҳира валасбот дар шаҳри қадимии Қудс убур хоҳанд кард ва то муҳавватаи Масҷидулақсо ва дарвозаҳо хоҳанд омад ва вориди саҳни Албароқ хоҳанд шуд.

Пештар Муҳаммад Ҳамода, сухангӯи ҷумбиши ҲАМОС дар баёнияе дар хусуси таҳаррукоти саҳюнистҳо барои таарруз ба Масҷидулақсо ҳушдор дод ва гуфт: Ба режими ишғолгар ҳушдор медиҳем, ки аз Қудс ба унвони абзоре барои фирор аз буҳронҳои дохилӣ ва нокомӣ дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ истифода накунад.

 

Бештар бихонед: