Октябр 28, 2016 18:34 Asia/Dushanbe

Артиш ва нерӯҳои мардумии Яман як мушаки боллистик ба фурӯдгоҳи Малик Абдулазиз дар Ҷадда, дар ғарби Арабистони Саудӣ шиллик карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, нерӯҳои муштараки яманӣ эълом карданд, рӯзи панҷшанбе як мушаки боллистики сохти Яманро ба фурӯдгоҳи Абдулазиз дар Ҷадда шиллик карданд, ки ин мушак бо диққат ба ҳадаф зарба зада ва хисороти сангине ба ин фурӯдгоҳ ворид кардааст.

 Артиши Яман ва кумитаҳои мардумии Яман ҳамчунин ду рӯзи пеш дар вокуниш ба ҳамалоти рӯзонаи саудиҳо ба манотиқе аз Яман, ду мушакро ба ду пойгоҳи низомии вобаста ба нерӯҳои Оли Сауд дар Ҷизони Арабистон шиллик карданд ки ба ҳадаф исобат карданд.

Дар ҳамин ҳол сартип Азиз Рошидӣ, афсари аршади яманӣ ба шабакаи “Алмасира” гуфт, шиллики мушакҳои боллистик ба фурӯдгоҳҳое, ки ҷангандаҳои амрикоиву саҳюнистӣ аз онҳо баланд мешаванд ва ба шаҳрҳову манотиқи маскунӣ ва ғайримаскунии Яман ҳамла мекунанд, идома пайдо мекунад.

Фурӯдгоҳи Абдулазизи Ҷадда яке аз муҳимтарин фурӯдгоҳҳои Арабистон аст.

Воҳидҳои мушакии Яман пеш аз ин эълом карда буданд, дар посух ба идомаи ҳамалоти ҳавоии мутаҷовизони саудӣ-амрикоӣ, ба сӯйи ҳадафҳое дар Арабистон мушакҳои боллистикӣ шиллик хоҳанд кард.