Июн 09, 2021 14:27 Asia/Dushanbe
  • Саидҳасан Насруллоҳ: Дар Масҷид ул-Ақсо намоз хоҳем хонд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ман ҳамчунон ин умедро дорам, ки мо бо ҳам дар Масҷид ул-Ақсо намоз хоҳем хонд.

Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи сешанбе дар суханроне ба муносибати 30-умин солгарди таъсиси шабакаи лубнонии “Ал Манор” таъкид кард, Қудс ва Масҷид ул-Ақсо қазияи ҳамаи уммати исломӣ аст ва фаластиниён бар ҳимоят аз Қудс мусаммам ҳастанд ва уммати исломӣ бояд аз онон ҳимоят кунанд.

Насруллоҳ тасреҳ кард, мо дар баробари душмане кинатуз, аҳмақ ва буҳронзада қарор дорем, ки барои раҳоӣ аз тангнои дохилии рӯ ба ҷилав фирор мекунад ва мумкин аст, Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими ишғолгар дар натиҷаи буҳроне, ки дорад ба ҳар гузинаи аҳмақонае рӯй оварад ва бояд ин мавзеро ба диққат пайгирӣ кард.

Саидҳасан Насруллоҳ бори дигар ба талошҳои шабакаҳои “Ал Манор” дар пӯшиши ахбори марбӯт ба кишвари Яман ва таҷовузҳои Арабистони Саудӣ ишора ва таъкид кард, имрӯз, таҷовузҳои Амрико ва Арабистони Саудӣ алайҳи Яман ба сахтӣ шикаст хӯрдааст ва онҳо ба дунболи як роҳи хурӯҷ ва имтиёзгирӣ ҳастанд, аммо мо аз рӯзи аввал ба тавонмандии миллати Яман дар пойдорӣ ва касби пирӯзӣ бовари доштем ва дорем.

Насруллоҳ дар идомаи афзуд, иқдоми Амрико дар муаррифии худ ба унвони тарафи кумаккунанда барои поён додан ба ҷанг алайҳи Яман, шарлатанбозӣ ва иқдоме гумроҳкунандааст, зеро ин кишвар мехоҳад ҷангро поён ва муҳосираро идома диҳад.

Насруллоҳ гуфт, иттиҳомзанӣ ба Ҳизбуллоҳ дар бораи инки ин ҷумбиш иллати буҳрон Лубнон аст ва нодида гирифтани илали буҳрон ва ҳақоиқ, ин чизе аст, ки амрикоиҳо ва исроилиҳо мегӯянд. Амалкарди расмии кунӯнӣ дар тамомии заминаҳо заъиф аст ва бояд ин заъф дармон шавад, бавижа онки буҳрони ташкили давлат тулонӣ шудааст ва шояд тулонитар шавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп