Нақшаи тақаллубии Натаняҳу барои муқобила бо қатъномаи ЮНЕСКО
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i6874-Нақшаи_тақаллубии_Натаняҳу_барои_муқобила_бо_қатъномаи_ЮНЕСКО
Бостоншиносон асолати нақшае, ки нахуствазири режими саҳюнистӣ аз он ба унвони санади торихии иртиботи яҳудиён бо Қудс рӯнамоӣ карда буд, рад карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 29, 2016 19:01 Asia/Dushanbe
  • Нақшаи тақаллубии Натаняҳу барои муқобила бо қатъномаи ЮНЕСКО

Бостоншиносон асолати нақшае, ки нахуствазири режими саҳюнистӣ аз он ба унвони санади торихии иртиботи яҳудиён бо Қудс рӯнамоӣ карда буд, рад карданд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Қудс, бостоншиносон дар асл будани нақшае, ки бар рӯи он калимаи Уршалим ( Алқудс ) нишон дода мешавад, ибрози тардид карданд.

Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ду рӯзи пеш муддаӣ шуд, ин ақша чаҳор соли пеш аз як сориқи (дӯзд) осори торихӣ забт ва тавқиф шудааст.

Бар асоси ин гузориш, Натаняҳу бо истифода аз ин нақша ба қатъномаи ЮНЕСКО, ки ҳар гӯна робитаи торихӣ ва мазҳабии яҳуд бо Масҷидулақсо ва Қудсро рад мекард, вокуниш нишон дод.

Натаняҳу муддаӣ шуд, ки калимаи мавҷуд бар рӯи нақша, робитаи яҳудиёнро бо Қудс ва Масҷидулақсо нишон медиҳад.

ЮНЕСКО ахиран қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он ҳар гуна иртиботи торихии яҳудиён бо амокини муқаддас дар Байтулмуқаддас рад шудааст.