Октябр 29, 2016 19:13 Asia/Dushanbe
  • Посухи яманиҳо ба ҳамалот ва ҷиноёти саудиҳо

Тупхонаи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар посух ба ҳамалот ва ҷиноёти воҳиди мушакии артиши Арабистон, мавозеи низомиёни саудиро дар ин кишвар ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Яман (Сабо), ягони мушакӣ ва тупхонаии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман имрӯз (шанбе) маҳали таҷамуъ ва таҷҳизоти артиши Арабистонро дар Ҷизон, Наҷрон ва Асир дар ҷануби ин кишвар ҳадаф қарор доданд. Дар ин ҳамалот шуморе аз низомиёни Саудӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Ҷангандаҳои эътилофи Саудӣ имрӯз шанбе, биноҳои давлатӣ дар шаҳри Сафро дар ғарби устони Саъдаро бомбаборон карданд.

Дар ҳамалоти ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ, ба устони Таъиз низ дастикам 15 тан ғайринизомии яманӣ кушта ва шуморе низ захмӣ шуданд.