Вуруди ғайриқонунии низомиёни саҳюнист ба заминҳои кишоварзӣ дар ҷануби Ғазза
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i69212-Вуруди_ғайриқонунии_низомиёни_саҳюнист_ба_заминҳои_кишоварзӣ_дар_ҷануби_Ғазза
Низомиёни саҳюнист бо вуруди ғайриқонунӣ ба заминҳои кишоварзии шарқи Хон Юнус, дар ҷануби Ғазза, иқдом ба тахриби ин заминҳо кардаву монеъ аз фаъолияти кишоварзон шуданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 21, 2021 16:46 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ғайриқонунии низомиёни саҳюнист ба заминҳои кишоварзӣ дар ҷануби Ғазза

Низомиёни саҳюнист бо вуруди ғайриқонунӣ ба заминҳои кишоварзии шарқи Хон Юнус, дар ҷануби Ғазза, иқдом ба тахриби ин заминҳо кардаву монеъ аз фаъолияти кишоварзон шуданд.

Низомиёни режими Исроил субҳи имрӯз, душанбе, бо 6 булдозери низомӣ аз навъи “D9” ва ду танки “Мерково” аз самти шарқи Хон Юнус, ба заминҳои кишоварзӣ нуфуз карданд.

Бар асоси ин гузориш, низомиёни саҳюнист бо таҷҳизоти худ ба самти шимол ҳаракат кардаву амалиёти тахриби заминҳои кишоварзиро анҷом доданд.

Ишғолгарони саҳюнист ҳар аз гоҳе ба заминҳои фаластиниёни сокини марзҳои шимолӣ ва шарқи Ғазза юриш мебаранд ва монеи кишти кишоварзон мешаванд.

Пештар режими саҳюнистӣ бо тахриби заминҳои кишоварзии фаластиниён дар талош буд, ки ин заминҳоро ба заминҳои ишғолӣ замима кунад.

 

Бештар бихонед: