Қассоби ДИИШ тавассути Ҳашду Шаъбӣ ба ҳалокат расид
(last modified Tue, 22 Jun 2021 08:00:40 GMT )
Июн 22, 2021 13:00 Asia/Dushanbe
  • Қассоби ДИИШ тавассути Ҳашду Шаъбӣ ба ҳалокат расид
    Қассоби ДИИШ тавассути Ҳашду Шаъбӣ ба ҳалокат расид

Як манбаи огоҳ дар ҳашду шаъбӣ рӯзи душанбе аз ба ҳалокат расидани яке аз хатарноктарин саркардагони ДИИШ маъруф ба "қассоб" Диёлаи Ироқ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА ин манба ба расонаҳои ироқӣ гуфт: Саркардаи ДИИШ дар камини Ҳашду Шаъбӣ дар атрофи маҳаллаи ал-Миқдодия воқеъ дар 45 километрии шимоли шарқи Бақуба, кушта шуд.

Ин манба афзуд: Ягона аз нерӯҳои иттилоотии лашгари 24 Ҳашду Шаъбӣ тавонист дар камине, террористи мавсум ба Усома Ан-Ноҳар қасоби ДИИШ ва яке аз хатарноктарин фармондеҳони собиқи ал-Қоида ва кунунии ДИИШ-ро пас аз солҳо таъқибу гурез дар шарқи маҳаллаи ал-Миқдодия ва Баъқуба ба дом андохта ва ба ҳалокат расонд.

Вай афзуд: Кушта шудани Ан-Ноҳар бар асоси иттилооти дақиқи майдонӣ сурат гирифт ва қатли ӯ зарбаи камаршикане ба гурӯҳҳои ДИИШ ба вижа дар дар ҳавзаи Ҳамрини Диёла ворид кард.

Ҳашду Шаъбӣ ва нерӯҳои амниятии Ироқ дар рӯзҳои ахири амалиётҳои ҳамоҳанг ва густардае барои шикори бозмондагони гурӯҳи террористии ДИИШ дар пеш гирифтаанд.

 

Бештар бихонед: