Суқути дижи мустаҳками ДИИШ дар ҷануби Мусил
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i6958-Суқути_дижи_мустаҳками_ДИИШ_дар_ҷануби_Мусил
Пас аз озодсозии шаҳри Алшура дар ҷануби Мусил аз ишғоли ДИИШ, дар ҳар гуша аз ин шаҳр метавон нишонаҳои ҷинояти террористҳоро мушоҳида кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 31, 2016 10:27 Asia/Dushanbe

Пас аз озодсозии шаҳри Алшура дар ҷануби Мусил аз ишғоли ДИИШ, дар ҳар гуша аз ин шаҳр метавон нишонаҳои ҷинояти террористҳоро мушоҳида кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, террористҳои ДИИШ шаҳри Алшураро баунвони диже мустаҳкам барои муқовимат баробари нерӯҳои ироқӣ дар назар гирифта буданд, аммо нерӯҳои ироқӣ дар чорчуби амалиёти озодсозии Мусил тавонистанд ин шаҳрро низ аз ишғоли ДИИШ озод кунанд .

Террористҳо дар муддати ду сол ишғоли Алшура монеъ аз таҳсили кӯдакон шуда ва ҷавонони ин шаҳрро ба ҳамкорӣ бо ДИИШ водор мекарданд .

Дииши‌ҳо ба ҳангоми фирор аз Алшура дакалҳои барқ ва бисёре аз хонаҳои шаҳрвандонро мунфаҷир карданд .

Амалиёти озодсозии Мусил чанде пеш ба дастури Ҳайдари Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ оғоз шуд ва ҳадаф аз он озодсозии дуввумин шаҳри бузурги ин кишвар аз ишғоли ДИИШ ва поён додан ба ҳузури ин гурӯҳи террористӣ дар Ироқ аст .