Ҳамла ба пойгоҳи Айнул Асад дар Ироқ
Расонаҳо аз ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба пойгоҳи Айнул Асад дар Ироқ хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, канали телеграмии «Собирин нюз » имрӯз чаҳоршанбе эълом кард, ки пойгоҳи амрикоии «Айнул Асад » дар устони « ал-Анбор » -и Ироқ ҳадафи теъдоди зиёди паҳпод қарор гирифтааст.
Бархе аз расонаҳои дигар, аз ҷумла « ал-Маёдин» низ аз шунида шудани садои инфиҷорҳои шадид дар ин пойгоҳ дар пайи ҳамлаи мушакӣ хабар доданд.
Бар асоси гузоришҳо, падофанди ҳавои пойгоҳи Айнул Асад дар муқобила бо ин ҳамла номуваффақ буда ва шӯълаҳои оташу дуди бархеста аз пойгоҳ дида мешавад.
Бомдоди имрӯз низ фурудгоҳи Арбил дар минтақаи Курдистони Ироқ ҳадафи даҳҳо ракет ва чанд паҳпод қарор гирифтааст. Амрико 29 июн бо ҳамла ба мавозеъи Ҳашду Шаъбӣ дар марзи Ироқу Сурия 4 нерӯи Ҳашду Шаъбиро ба шаҳодат расонд.
Бештар бихонед: