Юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба Масҷид ул Ақсо
Шаҳракнишинони режими саҳюнистӣ дар сояи ҳимояти полиси ин режим бори дигар ба Масҷид ул Ақсо юриш бурданд.
Ба гузориши Фаластин ал Явм, имрӯз (шанбе) пас аз юриш ба саҳнҳои Масҷид ул Ақсо иқдом ба сар додани шиорҳои зиддисломӣ карданд.
Ба дунболи юриши саҳюнистҳо ба Масҷид ул Ақсо миёни онҳо ва шаҳрвандони фаластинӣ даргирии шадиде иттифоқ афтод.
Ҳафтаи гузашта низ даҳҳо шаҳракнишин саҳюнист таҳти ҳимояти полиси режими саҳюнистӣ ба сурати ғайриқонунӣ вориди Масҷид ул Ақсо шуда ва ба гаштзанӣ дар саҳнҳои он пардохтанд.
Дар моҳҳои ахир хушунати низомиёни исроилӣ ва шаҳракнишинон алайҳи фаластиниҳо афзоиши зиёде доштааст.
Кабинаи Нафтали Бенет, нахуствазири ҷадиди Исроил низ аз иқдоми шаҳракнишинон алайҳи фаластиниҳо ҳимоят мекунад.
Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ба низомиён ва шаҳракнишинони режими саҳюнистӣ нисбат ба ҳар гуна тааррузи муҷаддад ба Масҷид ул Ақсо ҳушдор дода ва эълом кардаанд, ҳамчун набарди “шамшери Қудс”, аз ин пас низ нидои муқаддасотро барои ҳадаф қарор додани мавозеъи Тел Авив лаббайк хоҳанд гуфт.
Бештар бихонед:
- Раҳбари муаззами инқилоб: Мавзӯи Фаластин қатъан ба нафъи мардуми Фаластин тамом хоҳад шуд
- Вуруди ғайриқонунии низомиёни саҳюнист ба заминҳои кишоварзӣ дар ҷануби Ғазза