Яман дар остонаи фурӯпошӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i7039-Яман_дар_остонаи_фурӯпошӣ_аст
Муовини умури башардӯстонаи дабири кулли Созмони милал гуфт, бемории вабо дар Яман дар ҳоли густариш аст ва 370 ҳазор кӯдак дар ин кишвар мушкили норасоии ғизо доранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 01, 2016 09:59 Asia/Dushanbe
  • Яман дар остонаи фурӯпошӣ аст

Муовини умури башардӯстонаи дабири кулли Созмони милал гуфт, бемории вабо дар Яман дар ҳоли густариш аст ва 370 ҳазор кӯдак дар ин кишвар мушкили норасоии ғизо доранд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Стивен ОБрайен, муовини умури башардӯстонаи дабири кулли Созмони милал эълом кард, Яман як гом ба гуруснагӣ фосила дорад ва авзои ин кишвар дар остонаи фурӯпошӣ аст.

Муовини умури башардӯстонаи дабири кулли Созмони милал гуфт: "Мо дар ирсоли кӯмакҳо ба ниёзмандон дар Яман бо мушкилот рӯбарӯ ҳастем".

Муовини умури башардӯстонаи дабири кулли Созмони милал таъкид кард: "Аз ҳама кишварҳои кӯмаккунанда ба Яман мехоҳам аз манотиқи фоҷеазадаи ин кишвар, ба вижа Алҳадида ҳимоят кунанд".

 Стивен ОБрайен афзуд, ҳамчунин аз саргирии сафарҳои дарёӣ ва ҳавоӣ ба Санъо ва аз Яман ба хориҷ аз ин кишвар бисёр зарурӣ аст.

Ин мақоми Созмони милал гуфт, фурӯпошии Яман бар дигар кишварҳои минтақа таъсиргузор аст ва бояд ҳама тарафҳои муртабит ба буҳрони Яман ба масъулиятҳои худ амал кунанд.