Июл 12, 2021 14:39 Asia/Dushanbe
  • Як корвони лагистикии артиши Амрико дар Ироқ ҳадаф қарор гирифт

Бархе манобеи хабарӣ аз ҳамла ба як корвони лагистикии артиши Амрико дар Ироқ хабар додаанд.

Пойгоҳи хабарии “Собирин Нюс” гузориш дод, ки як корвони лагистикии низомиёни артиши Амрико дар Бобул, дар Ироқ мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

Ҳанӯз ҷузъиёти бештаре аз ин ҳамла мунташир нашудааст, аммо гуфта мешавад, гурӯҳе ба номи “Асҳоби Каҳф” масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

Аз замони ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ба нерӯҳои Ҳашдушшаъби дар марзи Ироқу Сурия, мизони ҳамалоти гурӯҳҳои мухталифи ироқӣ ва сурӣ ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп