Июл 12, 2021 18:39 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати режими саҳюнистӣ бо сохти як шаҳрак дар ҷануби Наблос

Манобеи ибризабон аз мувофиқати кобинаи режими саҳюнистӣ бо сохти як шаҳраки ҷадид дар ҷануби Наблос, дар Каронаи бохтарӣ хабар доданд.

Рӯзномаи саҳюнистии “Маорию” рӯзи душанбе гузориш дод: Кобинаи режими саҳюнистӣ пас аз машварат бо Нафтолий Бенет, нахуствазир ва Бени Гантс, вазири ҷанги ин режим, бо эҳдоси шаҳраки Авитор дар Кӯҳи Сабиҳ, дар ҷануби Наблос мувофиқат кардааст.

Ба навиштаи “Маорию”, доираи мадании артиши режими ишғолгар ҳафтаи гузашта саҳюнистҳое, ки иқдом ба тарки ин шаҳрак карда будандро муҷаддадан ба ин минтақа бозгардондааст. Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ ҳам қарор аст билофосила иқдом ба сохти як пойгоҳи низомӣ дар муҷовирати ин шаҳрак кунад.

Сокинони фаластинии минтақаи Кӯҳи Сабиҳ дар шаҳраки Бито ҳафтаҳо дар эътироз ба сохти ин шаҳраки ғайриқонунӣ дар заминҳои худ даст ба тазоҳурот зада ва бо саҳюнистҳо даргир шуданд, ки бар асари ин 3 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва садҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Акнун режими саҳюнистӣ муддаӣ шуда, ки заминҳои Кӯҳи Сабиҳ заминҳои мутааллиқ ба ин режим аст ва фаластиниён ҳаққе нисбат ба он надоранд ва бар ҳамин асос шаҳракнишинон ба ин минтақа бозгаштаву қасди эҳдоси шаҳраки Авитор ва машрӯиятбахшӣ ба онро доранд.

 

Бештар бихонед: