Таниши ҷадид дар Қудс; Тел Авив вурудиҳои маҳаллаи Салвонро баст
Низомиёни саҳюнист бо ҳамлаи муҷаддад ба маҳаллаи Салвон дар Қудси ишғолӣ, кулияи вурудиҳои ин маҳалларо бастанд ва чанд ҷавони фаластиниро боздошт карданд.
Ба гузориши Пойгоҳи хабарии арабии 21, аз субҳи имрӯз сешанбе бо иқдоми низомиёни саҳюнистӣ дар муҳосираи маҳаллаи Салвон дар Қудси ишғолӣ, бори дигар даргириҳо ва танишҳо дар Қудс аз сар гирифта шуд.
Ишғолгарони саҳюнист кулияи вурӯдиҳои маҳаллаи Салвонро, ки шоҳиди даргириҳои рӯзона ва боздоштҳои мустамари шаҳрвандони фаластинӣ аст, бастанд ва ду ҷавони фаластиниро боздошт карда ва ба марокизи бозҷӯӣ интиқол доданд.
Душанбешаб низ саҳюнистҳо як шаҳрванди фаластиниро ба тахриби манзилаш дар шаҳри Қудси ишғолӣ водор карданд.
Муҳаммаднасор Ал Ҳусайнӣ, як шаҳрванди фаластинӣ, ки шаби гузашта ба иҷбори саҳюнистҳо, манзилашро воқеъ дар маҳаллаи Салвон вайрон кард, зеро саҳюнистҳо ӯро таҳдид карданд агар манзилашро вайрон накунад, онҳо худ ин корро хоҳанд кард ва дар муқобили ин тахриб, ҳазина низ пардохт мекунанд.
Режими Исроил бо эҳдоси шаҳракҳои саҳюнист нишин ва тахриби манозили фаластиниён дар садади тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва чеҳраи саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст то султаи ҷӯиҳояшро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад.
Бештар бихонед: