Хашми Исроил аз бозии роёнаии фаластинӣ
Бозии роёнаии фаластинӣ, ки ёдовари дарду ранҷи сокинони минтақаи ҷангзадаи Борикаи Ғазза аст, хашми мақомоти исроилиро барангехт.
Ба иттилои хабаргузории Қудс, истиқболи густардаи мардуми Фаластин аз бозии роёнаии "Лайло ва сояҳои ҷанг", ки дарду ранҷи мардуми мазлуми Борикаи Ғаззаро дар ҳамалоти 50 рӯзаи режими саҳюнистӣ ба ин минтақа бозсозӣ кардааст, муҷиби хашми мақомоти исроилӣ шудааст ба тавре, ки Гилад Эрдан, вазири амнияти дохилии режими Исроил аз ширкатҳои Гугл ва Аппел хост, бо ҳазфи ин бозии фаластинӣ аз фурӯшгоҳҳои онлайни худ, аз донлуд шудан ион дар телефонҳои ҳамроҳ ҷилавгирӣ кунанд.
Дар натиҷаи ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар тобистони соли 2014 ба Борикаи Ғазза, илова бар нобудии 11 ҳазор воҳиди маскунӣ, ба зерсохтҳои ин минтақа аз ҷумла таъсисоти обӣ хисороти қобили мулоҳизае ворид шуд.
Дар ҳамалоти 50 рӯза ба Борикаи Ғазза беш аз ду ҳазору 300 фаластинӣ шаҳид ва ҳазорон нафар захмӣ шуданд.