Июл 18, 2021 10:17 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии таҳрикомези шаҳракнишинони саҳюнист дар Қудси ишғолӣ

Нерӯҳои амниятии режими саҳюнистӣ бомдоди якшанбе барномаеро барои роҳпаймои дубораи “Парчам” дар Қудси ишғолӣ иҷро карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи итилоърасонии Фаластин, низомиёни режими саҳюнистӣ бо банд кардани манотиқи наздики маҷмӯъаи Масҷидулақсо, ба теъдоди зиёде аз шаҳракнишинони саҳюнист иҷозаи роҳпаймоии танишзо дар Қудси ишғолӣ доданд .
Низомиёни саҳюнист ҳамчунин бо як худрави низомии обпош хиёбони Султон Сулаймон дар наздикии Масҷидулақсоро банд карданд .
Бар асоси ин гузориш теъдоди зиёде аз шаҳракнишинони саҳюнист бо оғози роҳпаймоӣ  дар ҳоли юриш овардан ба минтақаи Бобулмуд дар Қудси ишғолӣ ҳастанд .
Дигар расонаҳои фаластинӣ низ эълом карданд,ки низомиёни саҳюнист бо теъдоди зиёдӣ аз фаластиниён, ки бо таҷаммуъ дар атрофи Масҷидулақсо саъй дар мамониат аз баргузории ин роҳпаймоии танишзо доштанд даргир шуда ва ба зарбу лати онҳо пардохтанд.
Пеш аз ин  гурӯҳҳои тундрави исроилӣ аз шаҳракнишинони саҳюнист хостанд, рӯзи якшанбе ба Масҷидулақсо юриш бибаранд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп