Июл 18, 2021 20:07 Asia/Dushanbe
  • Давлати Санъо: Гурӯҳҳои такфирӣ бахше аз сенарияи минтақавии Амрико ҳастанд
    Давлати Санъо: Гурӯҳҳои такфирӣ бахше аз сенарияи минтақавии Амрико ҳастанд

Сарпарасти Вазорати ҳуқуқи башари ҳукумати Наҷоти миллӣ таъкид кард, гурӯҳҳои такфирӣ бахше аз сенария ва сиёсати давлати Амрико ва ҷинояте ҳастанд, ки пеш аз он дар Ироқ ва Афғонистон шоҳиди он будем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, "Алӣ ал-Диламӣ" рӯзи шанбе ба телевизиони Ал-Масира гуфтааст, ки Салиби Сурх бояд фавран пас аз ҷинояти ахир алайҳи зиндониён дар вилояти Бейза амал кунад, ки ин ҷиноят бори аввал нест. 

Ал-Диламӣ тасреҳ кард, режимҳои Арабистон ва Имороти масъули омилони эъдоми асирони яманӣ дар устони Байза ҳастанд.

Ал-Диламӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои байналмилалӣ хост ба далели хатароте, ки асиронро таҳдид мекунад, фавран дар мавзӯи табодули усарои ворид амал шаванд.

Унсурҳои террористии ал-Қоида ва ДИИШ  ахиран  ду асир аз артиш ва комитетҳои мардумии Яманро дар набарди ал-Байза воқеъ дар маркази Яман  сар буриданад, ки ҷасади ин ду нафар  рӯзи шанбе пайдо шуд.

Ҳамчунин гурӯҳи ал-Қоида низ пештар бо судури баёнияе изъон карда буд, дар ҷанг дар ал-Байза воқеъ дар маркази Яман дар канори эътилофи саудӣ алайҳи нерӯҳои артиш ва комитетҳои мардумӣ ҷангидааст.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп