Июл 19, 2021 20:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи кибернетикӣ ба сайтҳои чанд бемористони режими саҳюнистӣ

Манобеи расонаӣ аз ҳамлаи кибернетикӣ ба сайтҳои чанд бемористони режими саҳюнистӣ хабар доданд.

Сайти ибризабони “Волло” имрӯз, душанбе эълом кард, ин ҳамлаи сайберӣ сайтҳои бемористонҳои Рамбам дар Ҳайфа, Ҳадасса – ҷабалулмашориф, дар Қудси ишғолӣ ва пойгоҳҳои “Сонол” (шабакаи фурӯши бензинҳо) ва Айдиҷиталро ҳадаф қарор додааст.

Ба гузориши ин сайти ибризабон, сарварҳои ширкати сомонаи иттилооти Piont низ мавриди ин ҳамлаи сайберӣ қарор гирифтааст.

Ширкати Piont аз тариқи коршиносони фаннӣ дар талош барои бозгардондани сарварҳову арзёбии мизони осеби ин ҳамла аст ва бо сомонаи сайберии Исроил барои маҳори амалиёти ҳак талош мекунад.

Бар асоси ин гузориш, маншаи ҳамлаи сайберӣ ба сайтҳои бузургтарин бемористонҳои режими саҳюнистӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Ҳудуди як моҳ пеш ҳам гурӯҳе аз ҳакерҳо иттилооти ширкатеро ба даст овардаанд, ки дорои иттилооти донишҷӯёни теъдоде аз донишгоҳҳои режими саҳюнистӣ буд.

 

Бештар бихонед: