Таъкиди Ҳизбуллоҳи Ироқ бар хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар
Масъули амниятии гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ эълом кард, агар низомиёни амрикоӣ аз хоки Ироқ хориҷ нашаванд, амалиётҳои муқовимат алайҳи онҳо идома хоҳад дошт.
Абӯ Алӣ Ал Аскарӣ, масъӯли амниятии гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ дар вокуниш ба музокироти роҳбурдӣ миёни Бағдод ва Вашингтон гуфт, сиёсатмадорони ироқӣ бояд фалсафаи намоиширо, ки дар қолаби музаккарот ба роҳ афтодааст, барои миллати Ироқ тавзеҳ диҳанд.
Кумитаи ҳамоҳангии гурӯҳҳои муқовимати Ироқ низ субҳи имрӯз дар баёнияе бар шурӯти муқовимат, мабнӣ бар иҷоза надодан ба ҳузури ҳар гӯна низомии хориҷӣ дар хоки Ироқ таъкид ва эълом кард, маъмурияти нерӯи ҳавоии Амрико дар Ироқ дифо аз амнияти режими саҳюнистӣ ва ҷосӯсӣ аз гурӯҳҳои муқовимат аст ва хурӯҷи онҳо бояд аз ҳамаи хоки кишвар ва ба таври комил анҷом шавад.
Мустафо Ал Козимӣ, нахуствазири Ироқ қарор аст, рӯзи душанбеи оянда бо Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико ба манзури такмили гуфтугӯҳо дар Вашингтон дидор кунад.
Яке аз муҳимтарин авлавиятҳои пеши рӯи кобинаи Ал Козимӣ, пайгирии мавзӯи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ аст, ки ба як мутолибаи умумӣ дар ин кишвар табдил шудааст.
Бисёре аз мардуму гурӯҳҳои ироқӣ низ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористии амрикоӣ аз Ироқ ҳастанду порлумони ин кишвар низ 5 январи 2020 тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.
Бештар бихонед:
- Порлумони Ироқ: Низомиёни амрикоӣ бояд аз Ироқ хориҷ шаванд
- Вазорати дифои Ироқ: Хурӯҷи Амрико аз пойгоҳҳо таъсире дар амнияти Ироқ надорад