Август 01, 2021 10:10 Asia/Dushanbe
  • Димишқ: Ҳимояти молӣ ва расонаии Фаронса аз террористҳо ҳамчунон идома дорад

Як мақоми масъул дар вазорати хориҷаи Сурия рӯзи шанбе гуфт, давлати Фаронса ҳамчунон ҳимояти молӣ ва расонаӣ аз террористҳо ва ҷудоиталабҳо дар Сурияро идома медиҳад.

Ин мақоми масъул таъкид кард, ки ин иқдомоти Фаронса бар хилофи тамоми қаътномаҳои Шӯрои амнияти СММ буда, ки тайи он хостори ҳифзи ваҳдати арзӣ ва миллии Сурия, истиқлол ва ҳаққи ҳокимияти он аст.

Вай дар идома гуфт: «Сурия ба таври комил иддаоҳои дуруғе, ки дар баёнияи вазорати хориҷаи Фаронса дар бораи авзоъи Сурия омада рад карда ва таъкид дорад, ки ин иддао бар асоси дуруғ, нифоқ ва ҳимоят аз тероризмаст».

Ин мақоми сурӣ изофа кард, ки Димишқ тамоми талоши худро барои тасбити авзоъ дар ин кишвар ва аз байн бурдани тамоми мавонеъ дар ин замина ба кор хоҳад баст.

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ пас аз шурӯи нооромиҳо дар Сурия дар соли 2011, фишорҳо алайҳи ин кишвар ва ҳимоят аз террористҳо ва афроди мусаллаҳи суриро афзоиш доданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп