Август 01, 2021 13:14 Asia/Dushanbe
  • Галадуздии дубораи низомиёни саҳюнист аз ҷануби Лубнон

Низомиёни режими саҳюнистӣ як галаи бузургро аз ҷануби Лубнон дузиданд ва ба арозии ишғолӣ бурданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Лубнон «ННА», низомиёни режими саҳюнистӣ шанбешаб 100 раъси бузи мутааллиқ ба як чӯпон аз ҷануби Лубнонро дузиданд ва ба Фаластини ишғолӣ бурданд.

Расонаҳои лубнонӣ якшанбеи ҳафтаи гузашта низ хабар дода буданд, ки артиши режими саҳюнистӣ галаи бузургтар, яъне 500 раъси бузро аз дохили Лубнон ба сирқати барда ва ба дохили арозии ишғолӣ интиқол додааст.

Ба гузориши хабаргузории миллии Лубнон, низомиёни ишғолгари режими саҳюнистӣ пас аз онки ба сӯи як чӯпон дар ғарби Ал Самоқа rарданд,  500 раъси бузро рабуда ва ба дохили сарзаминҳои ишғолӣ мунтақил карданд.

 

Барчасп