Август 05, 2021 11:04 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти паҳподии Алҳашд Алшаъбӣ барои кашфи мавозеи террористҳои ДИИШ дар Диёла

Созмони басиҷи мардумӣ аз амалиёти паҳподӣ барои кашфи 14 мавзеи террористҳои ДИИШ дар Диёла хабар дод.

Содиқ Алҳусайнӣ, сухангуи меҳвари амалиётии Диёла вобаста ба Алҳашд Алшаъбӣ чаҳоршанбе шаб гуфт: Истифода аз паҳпод дар манотиқи амалиётии Диёла аз моҳҳо пеш оғоз шуд, аммо дар чанд вақти ахир афзоиш ёфтааст ва дар чаҳор меҳвари муҳими амалиётӣ аз паҳподҳое, ки аз имконоти вижаи расад ва пайгирӣ бархурдоранд, истифода мешавад.

Алҳусайнӣ афзуд, ахиран 14 маркази муҳими ДИИШ бо истифода аз паҳподҳое, ки дар шароити сахти ҳавоӣ метавонанд соатҳои тӯлонӣ парвоз кунанд, кашф шуд.

Сухангуи Алҳашд Алшаъбӣ таъкид кард, нерӯи паҳподии яке аз силоҳҳои муҳими Алҳашд Алшаъбӣ дар ҳар амалиёти ғофилгиркунанда ба вижа дар ду минтақа Талол Ҳамрин ва Нафти Хона аст ва Алҳашд нахустин нерӯе буд, ки барои ҳифозат аз дакалҳои барқу хунсосозӣ талоши ҳафтаҳои ахири террористҳо барои ҳамла ба хутути интиқоли барқ аз паҳпод истифода кард.

Ба рағми шикасти гурӯҳҳои террористии ДИИШ дар Ироқ, бақоёи ин террористҳо ҳамчунон дар ин кишвар ҳузур доранд.

Бештар бихонед:

Қассоби ДИИШ тавассути Ҳашду Шаъбӣ ба ҳалокат расид