Интиқоди Яман аз изҳороти намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Шӯрои амният
Вазорати умури хориҷа ва Шӯрои олии сиёсии Яман аз изҳороти намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ин кишвар интиқод кард.
Ба гузориши хабаргузории расмии Яман – САБА, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар эълом кард, Исмоил валад аш-Шайх Аҳмад дар ҷаласаи Шӯрои амният аз мухолифати тарафҳои яманӣ бо нақшаи роҳи пешниҳодии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи сулҳи Яман сӯҳбат кард, дар ҳоле, ки ҳайати миллии ширкаткунанда дар музокироти сулҳи Яман, музокира дар бораи ин тарҳро мумкин медонад.
Ҷузъиёти тарҳи пешниҳодии Созмони Милали Муттаҳид барои хориҷ шудани Яман аз буҳрон ба сурати дақиқ эълом нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки бар асоси ин тарҳ, дар сурати тавофуқи тарафҳои яманӣ, муовини ҷадиде ба сурати тавофуқӣ барои Абдураббеҳ Мансур Ҳодӣ - нахуствазири мустаъфии Яман таъйин ва ҳамаи ихтиёроти Ҳодӣ ба ӯ мунтақил мешавад.
Вазорати умури хориҷаи Яман ҳамчунин дар бораи иддаои Арабистон мабнӣ бар ҳамлаи мушакии Яман ба Маккаи Мукаррама гуфт: Арабистон бо чунин иддаое талош мекунад бар ҷиноятҳои худ дар Яман сарпӯш бигузорад ва афкори умумии ҷаҳон, ба вижа ҷаҳони исломро алайҳи ин кишвар таҳрик кунад.
Шӯрои олии сиёсии Яман низ Валад Шайх Аҳмадро ба овозапароканӣ барои таҳрики ҷаҳони ислом зидди Яман муттаҳам кард.
Ин шӯро ҳамчунин эълом кард, танҳо чанд қадам то дастёби ба тавофуқ ва эъломи ташкили кобина дар Санъо зарфи чанд рӯзи оянда боқӣ мондааст.