Август 07, 2021 11:25 Asia/Dushanbe
  • Алнуҷаба: Омодаи вуруд ба муодилаи боздорандагии дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳастем

Ҷунбиши муқовимати исломӣ “Алнуҷаба” посухи Ҳизбуллоҳ ба режими саҳюнистиро ҳисоб шуда хонд ва бар омодагии ин ҷунбиш барои вуруд ба муодилаи боздорандагии эъломшуда тавассути дабири кулли Ҳизбуллоҳ таъкид кард.

Ҷунбиши Алнуҷаба дар Ироқ бо судури баёнияе эълом кард: Посухи ҳисобшудаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба режими саҳюнистӣ собит мекунад, ки рӯйкарди ишғолгарӣ ва таҷовузгарии ин режим ба поён мерасад.

Алнуҷаба таъкид кард: Ин ҷунбиш омодааст, ба муодилаи боздорандагӣ, ки Саидҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кардааст, бипайвандад.

Зуҳри чаҳоршанбе расонаҳои саҳюнистӣ аз ба садо даромадани ожири ҳушдори ҳамлаи ракетӣ дар шаҳраки саҳюнистнишин воқеъ дар шимоли Фаластини ишғолӣ ва наздики марзи Лубнон дар паи шиллики се фарванд ракета хабар доданд.

Ба дунболи он режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба шиллики ракетаҳое, ки муддаӣ шуд аз самти Лубнон шиллик шуда, бо тупхона ба ҷануби Лубнон ҳамла кард.

Ин иқдоми режими саҳюнистӣ бо вокуниши қотеи нерӯҳои муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамроҳ шуд ва ин ҷунбиш рӯзи ҷумъа бо шиллики даҳҳо ракета ба шимоли арозии ишғолӣ посухи ҳамалоти ҷангандаҳои режими саҳюнистиро дод.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп