Азодории ҳусайнӣ дар вурудии бахши таърихии Димишқ
(last modified Mon, 16 Aug 2021 12:55:15 GMT )
Август 16, 2021 17:55 Asia/Dushanbe
  • Азодории ҳусайнӣ дар вурудии бахши таърихии Димишқ

Маҳаллаи имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар бахши таърихии шаҳри Димишқ аст, маҳаллае, ки нуқтаи вуруди корвони асирони Карбало ба дохили шаҳр буд,  имрӯз ин маҳалла дар азодории Абоабдуллоҳил -Ҳусайн (а) сёҳпӯш аст.

Ба гузориши бахши байналмилали Хабаргузории садо ва симо аз Димишқ, ин маҳалла яке аз маҳаллаҳои сегонаи шиаёни шаҳри Димишқ аст, ки ҳар рӯз мавриди ҳамлаи террористҳои такфирӣ қарор мегирифт, аммо ҳамасола маросими азодории имом Ҳусайн дар ин маҳалла баргузор мешуд.

Ризо Алҳур, аз аҳолии ин маҳалла изҳор дошт: “Маркази ҳукумати зӯру тазвири бани Умайя ҳамин ҷо буд, мехостанд ёде аз аҳли байт намонад, аммо мо шиаён ба фармудаи ҳазрати Зайнаб (с) амал кардем ва насл дар насл ин маҷолису ҳайатҳоро барпо мекунем то ёди аҳли байт ҷовидон бимонад”.

Террористҳо ба муддати даҳ сол ҳар рӯз ин маҳалларо гулӯлаборон мекарданд то ҷое ки ба маҳаллаи Шуҳадо маъруф шуд.

Террористҳои такфирӣ афзун бар таҳдид бо тарғиб ҳам мехостанд аҳолӣ маҳаллаи худро тарк кунанд, аммо мардуми муъмини ин маҳал аз фарзандону зиндагиашон гузаштанду пойбанди мактаби пирӯзии хун бар шамшери имом Ҳусайн (а) монданд ва дар дифои бақоъи мутабаррикаи Сурия ҳам пештоз буданд. Ҷолиб ин аст, ки ҳатто бачаҳо истгоҳи салавотӣ барпо карданду назрҳоро миёни зоирони ҳарами ҳазрати Руқия (с) ва азодорон тақсим мекунанд.