Август 16, 2021 19:52 Asia/Dushanbe
  • Ба садо даромадани занги хатари ҳамлаи мушакӣ дар шаҳракҳои саҳюнистӣ

Расонаҳои режими саҳюнистӣ муддаии шиллики ракета аз навори Ғазза ба самти Фаластини ишғолӣ ва ба садо даромадани зангҳои ҳушдор шуданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Ерусалим пост», расонаҳои режими саҳюнистӣ имрӯз, душанбе иддао карданд, дар пайи ин ҳамлаи мушакӣ, зангҳои хатар дар шаҳракҳои саҳюнистӣ фаъол шуданд.

Расонаҳои саҳюнистӣ ҳамчунин бо интишори филме муддаӣ шуданд, сомонаи мавсум ба «Гунбади оҳанин» бо ин ракета муқобила кардааст.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ ҳам шиллики як ракета аз навори Ғазза ва муқобила бо онро таъйид кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп