Ноябр 03, 2016 18:11 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҳавоии эътилофи Саудӣ ба Яман

Ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Саудӣ бори дигар манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон карданд.

Ба гузориши шабакаи “ал-Масира”-и Яман, ҷангандаҳои эътилофи Саудӣ рӯзи панҷшанбе дар идомаи ҳамалоти бевақфаи худ ба манотиқу аҳдофи ғайрнизомӣ дар Яман таъсисоти обширинкунии вилояти Таъиз, ҷануби Яманро бомбаборон карданд, ки бар асари он се тан кушта ва даҳ нафари дигар захмӣ шуд. Ҷангандаҳои Саудӣ ҳамчунин минтақаи Салу дар Таъиз ва минтақаи Мусоҳиф дар вилояти Саъдаро чандин бор ҳадаф қарор доданд. Аз тариқи тактирандоз (снайпер)-ҳои муздурони Арабистон ҳам дар минтақаи Шақаби шаҳри Сабри вилояти Таъиз ду зани яманӣ кушт шуд.

Нерӯҳои муштараки Яман ҳамчунин мавозеи нерӯҳои муздурро дар яке аз подгон (гарнизон)-ҳои вилояти Ҷуф, шимоли Яман ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он чанд муздури Саудӣ кушта шуд.