Ноябр 04, 2016 18:49 Asia/Dushanbe
  • Қиёми мардуми Ироқ зидди ДИИШ дар Мусил

Манобеи хабарӣ аз қиёми мардуми Ироқ зидди гурӯҳи террористии ДИИШ дар Мусил хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи шабакаи телевизионии “Ал-Ироқия”, ба дунболи амалиёти нерӯҳои ироқӣ зидди ДИИШ барои озодсозии шаҳри Мусил, мардуми бархе маҳаллаҳои ин шаҳр зидди террористҳои ДИИШ қиём ва бар хуруҷи онон аз Мусил таъкид карданд.

Нерӯҳои мардумии Ироқ ҳам аз озодсозии чанд рустое дар ҷануби Мусил хабар доданд.

Масъулони ироқӣ низ эълом карданд, афроди гурӯҳи такфирии ДИИШ бо нуфуз дар минтақае дар ҷануби Мусил, ҳафт нафар аз аъзои нерӯҳои амниятии Ироқро киштанд.

Амалиёти озодсозии Мусил аз 17-уми октябри соли 2016 бо фармони Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ оғоз шудааст.

Нерӯҳои артиш, басиҷи мардумӣ ва нерӯҳои пешмаргаи курд дар ин амалиёт ҳузур доранд.

Ҳамчунин хонаводаҳои афроди мусаллаҳи вобаста ба ДИИШ манозилеро, ки дар минтақаи ҷанубу ғарби Киркук, дар шимоли Ироқ тасарруф карда буданд, холӣ ва фирор карданд.