Амалиёти паҳподии нерӯҳои яманӣ алайҳи аҳдофи саудӣ
Август 27, 2021 16:49 Asia/Dushanbe
Расонаҳои арабӣ аз амалиёти паҳподии артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Яман алайҳи эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар ҷануби Арабистон хабар доданд.
Ба гузориши шабакаи “Аларабия”, сухангӯи эътилофи мутаҷовизи саудӣ эълом кард, як фарванд паҳподи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба минтақаи Хумайс Машит, дар ҷануби Арабистони Саудӣ ҳамла кардааст.
Ҳарчанд, ки нерӯҳои яманӣ то кунун ин ҳамлаи паҳподӣ ба ҷануби ғарби Арабистонро таъйид накардаанд, аммо ин эътилоф муддаӣ шуд, як фарванд паҳподро, ки ба сӯи шаҳри Хумайс Машит ба парвоз даромада буд, раҳгирӣ ва мунҳадим кардааст.
Бештар бихонед:
- Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад
- Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: Арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Яман тангтар мешавад
Барчасп