Падофанди Сурия 21 мӯшаки Исроилро дар ҳамлаи ахир соқит кард
(last modified Sat, 04 Sep 2021 07:11:31 GMT )
Сентябр 04, 2021 12:11 Asia/Dushanbe
  • Падофанди Сурия 21 мӯшаки Исроилро дар ҳамлаи ахир соқит кард

Маркази русии оштӣ дар Сурия аз раҳгирӣ ва инҳидоми 21 мӯшак аз маҷмӯи 24 мушаке, ки ҷангандаҳои саҳюнист ба хоки Сурия шиллик карда буданд, хабар дод.

Ба гузориши Ал Олам, Маркази русии оштӣ дар Сурия эълом кард, тақрибан дар соати 01:30 бомдоди сеюми сентябр, 4  ҷангандаи F15 Исроил аз дохили ҳарими ҳавоии Лубнон иқдом ба шиллики 24 мӯшак ба самти аҳдофе дар хоки Сурия карданд.

Ин марказ афзуд, падофанди ҳавоии Сурия бо истифода аз сомонаҳои падофандӣ 21 мӯшак аз ин мӯшакҳоро раҳгирӣ ва мунҳадим кард.

Хабаргузоии Сонои Сурия низ бомдоди ҷумъа гузориш дод, падофандҳои ҳавоии ин кишвар мӯшакҳои мутахосимро бар фарози Димишқ, пойтахти Сурия ҳадаф қарор доданд.

Режими саҳюнистӣ ҳамвора барои ҳимояту пуштибонӣ аз террористҳо, мавозеъи артишу зерсохтҳои Сурияро ҳадаф қарор медиҳад.

Бештар бихонед: