Мақоми яманӣ: Ҳимоятҳои сиёсиву низомии Амрико ҷанги Яманро тӯлонӣ кард
Узви ҳайати музокиракунандаи давлати Наҷоти Миллии Яман гуфт, агар ҳимоятҳои Амрико аз эътилофи саудӣ набуд, ҷанги Яман дар ҳамон соли нахуст поён меёфт.
Ба гузориши «Алмасира», Абдулмалик Алъаҷри, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Наҷоти миллии Яман изҳор дошт: Ҳақи машрӯи посух ба таҷовузот ба маънои тӯлонӣ кардани ҷанг нест, чизе ки боиси тӯлонӣ шудани ҷанг мешавад, силоҳҳои амрикоӣ аст.
Вай гуфт: Агар ҳимоятҳои Амрико набуд, кишварҳои мутаҷовиз наметавонистанд дар баробари фишорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ муқовимат кунанд ва сарони кишварҳои мутаҷовиз дар додгоҳҳои байналмилалӣ муҷозот мешуданд.
Суханони Алъаҷри дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Амрико аз ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба хоки саудӣ интиқод кардааст.
Яҳё Сареъ, сухангӯи кумитаҳои мардумии Яман таъкид кард, амалиёти артиши Яман дар чорчӯби иҷрои амалиёти боздорандагӣ ва ҳаққи машрӯи посух ба таҷовузоти эътилофи мутаҷовизи саудӣ сурат гирифтааст.