Сентябр 12, 2021 14:05 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Баҳрайн зидди режими оли Халифа

Баҳрайниҳо ҳамчунон ба эътирозоти худ зидди оддисозии равобити режими оли Халифа бо режими саҳюнистӣ идома медиҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Савтл-Манома, мардуми Баҳрайн дар шаҳри Санобис шанбешаб бо баргузории тазоҳурот ва сар додани шиорҳое иқдоми режими оли Халифа дар имзои тавофуқномаи оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро маҳкум карданд .
Муътаризони баҳрайнӣ хостори озодии фаврии зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар шуда ва таъкид карданд зиндониёни сиёсӣ бояд бидуни қайду шарт озод шаванд .
Пештар ҷамъияти Алвифоқи Баҳрайн ба таъини сафири оли Халифа дар Тел-Авив вокуниш нишон дод. Шайх Ҳусайни Аддиҳӣ- муовини дабири кулли ҷамъияти Алвифоқи  Баҳрайн таъкид кард: Холид Юсуф ал-Ҷалоҳима-сафири Баҳрайн дар Тел-Авив танҳо намояндаи худ ва касе аст, ки ӯро эъзом кардааст .
Муовини ҷамъияти Алвифоқ афзуд: Миллати Баҳрайн Ал-Ҷалоҳимаро ба расмият намешиносанд ҳамчинон ки режими ишғолгарро то нобудии комили ин режим ҳаргиз ба расмият нахоҳанд шинохт .
Аддиҳӣ тасреҳ кард: Баҳрайн ҳамчунон дар канори фаластиниён боқӣ хоҳад монд ва оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ низ хиёнат ва нанг аст .
Режими Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ дар таърихи 15 сентябри соли 2020 бо васотати Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри пешини Амрико ба таври расмӣ дар Кохи Сафед тавофуқи оддисозии равобит имзо карданд .