Ҳимояти Арабистон аз террористҳо дар шарқи Ҳалаб
(last modified 2016-11-06T12:48:29+00:00 )
Ноябр 06, 2016 17:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Арабистон аз террористҳо дар шарқи Ҳалаб

Як террористи саудӣ ба ҳимояти молии Арабистони Саудӣ ва бархе кишварҳои арабӣ аз террористҳо дар Сурия, аз ҷумла дар шарқи Ҳалаб эътироф кард.

Абдуллоҳ Муҳайсинӣ, террористи саудии узви гурӯҳаки террористии мавсум ба Ҷайшулфатҳ эътироф кард, террористҳо дар Ҳалаби Сурия аз Арабистони Саудӣ ва бархе кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс барои таъмини таслеҳот кӯмаки молӣ дарёфт мекунанд.

Ин террористи саудӣ таъкид кард, мушакҳои мавриди истифода дар Ҳалаб тавассути террористҳо, ки теъдодшон сад адад аст, бо кӯмаки молии саудиҳо ва атбои кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс ба даст омадааст ва шуморе аз бозаргонони Идлиб ва Ҳалаби Сурия низ дар таъмини ҳазинаи харидории ин мушакҳо мушорикат доштаанд.

Муҳайсинӣ ҳамчунин эътироф кард, чаҳор террористи саудӣ, аз ҷумла Хаттоб Табукӣ, аз саркардагони аслии амалиёти террористӣ дар Сурия, дар ғарби Ҳалаб кушта шуданд.

Амрико, Арабистон, Туркия ва бархе дигар кишварҳои арабӣ барои наҷоти террористҳо дар шарқи Ҳалаб, ҳар иқдомеро рӯйи даст мегиранд.

Ба гузориши манобеи сурӣ, Туркия иддаоии мубориза бо ДИИШ дорад, аммо дар фикри эҳёии Императории Усмонӣ ва кишваркушоӣ дар Ироқу Сурия аст.