Ноябр 06, 2016 18:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи нерӯҳои амниятии Оли Сауд ба минтақаи Қатиф

Нерӯҳои амниятии Арабистон ба хонаҳои мардум дар минтақаи шианишини Қатиф дар шарқи ин кишвар ҳамла карданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, ба дунболи кушта шудани як нерӯи полис дар минтақаи Қатифи Арабистон, нерӯҳои амниятии Оли Сауд бо ҳадафи тарсу ваҳшат андохтан байни мардуми ин минтақа, ба таври барномарезишуда хонаҳои аҳолии минтақаи Қатифро омоҷи ҳамалоти худ қарор доданд.

Вазорати кишвари Арабистон бо интишори феҳристи ҷадиде, номи 9 нафарро ба унвони афроди таҳти таъқиби нерӯҳои амниятӣ эълом кард, аммо афроди ёдшуда нақш доштан дар ҳодисаи кушта шудани нерӯи полиси Арабистонро такзиб карданд.

Юриши мустамари нерӯҳои амниятии Арабистон ба минтақаи Қатиф бар хашму норизоятии мардуми ин минтақа шиддат бахшидааст, ба вижа он ки ин нерӯҳо дар ҳамалоти худ занонро мавриди беҳурматӣ қарор медиҳанд.

Ҳамалоти нерӯҳои амниятӣ ва низомии Оли Сауд ба мардуми манотиқи шианишини Арабистон, ҳикоят аз ваҳшати густардаи ин режим аз вокунишҳои мардумӣ ба ҷиноятҳои Оли Сауд дорад.

Созмонҳои байналмилалӣ Арабистонро ба иллати нотавонӣ дар расидагӣ ба авзои ҳуқуқи башар дар ин кишвар мавриди интиқод қарор дода, эълом карданд, Арабистон бо идомаи сиёсати саркӯбгарона, ҳар гуна озодии баён ва таҷаммуро саркӯб кардааст.