Октябр 02, 2021 16:24 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 7 ҳазор кӯдаки фаластинӣ аз замони интифозаи Қудс

Ҳайати умӯри асирону озодагони Фаластин эълом кард,ки режими саҳюнистӣ аз оғози шуълавар шудани интифозаи Қудс то кунун 7 ҳазор кӯдаки фаластиниро боздошт кардааст .

Ба гузориши рӯзи шанбеи маркази иттилоърасонии Фаластин, ин ҳайат дар гузорише ба муносибати шашумин солрӯзи интифозаи Қудс, ки аввали октябри соли 2015 шуълавар шуд, бо эъломи ин хабар таъкид кард: Хатарноктарин иқдому ҷинояти душмани саҳюнистӣ пас аз интифозаи Қудс, ташдиди ҳамалоту таҷовузот алайҳи кӯдакони фаластинӣ буд, чаро ки дар ин муддат боздошти кӯдакон ба тарзи чашмгире афзоиш ёфтааст .Абдунносир Фарвона-раиси бахши мутолиъот ва мустанадсозии ҳайати умӯри асирону озодагон низ дар ин бора гуфт : Режими саҳюнистӣ дар ҳамин росто қавонинеро бо ҳадафи ташдиди боздошти кӯдакони фаластинӣ ва судӯри аҳкоми золимонатар алайҳи онон тадвин карда ки ҳамин масаъла ранҷу меҳнатҳои онон ва хонаводаҳояшонро афзун кардааст .Фарвона хостори мудохилаи фаврии Юнисеф ва дигари ниҳодҳои байналмиллалӣ барои ҳимоят аз кӯдакони фаластинӣ ва таваққуфи боздошти худсаронаи онон ва талош барои озодии кӯдакон боздошт шуда шуд .Дар ҳоли ҳозир дастками 4700 асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ бо шароити душвор аз ҷумла ҳабси инфиродӣ ва саҳлангории пизишкӣ ва маҳрумият аз муроқибатҳои ҷисмӣ ва  равонӣ мувоҷеҳ ҳастанд .

 

Бештар бихонед :

Барчасп