Октябр 03, 2021 11:00 Asia/Dushanbe
  • Барҳум Солеҳ : Баёнияи марҷаъияти динӣ дар бораи интихобот, баёнияи муҳимме аст

Раиси ҷумҳӯри Ироқ таъкид кард: Баёнияи марҷиъияти динӣ дар бораи интихобот, баёнияи муҳимм ва раҳнамудҳои арзишманде аст, ки дар он бар алоқамандӣ ба Ватан дар ин давраи ҳассос аз таърихи кишвар таъкид шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Алҳадс, Барҳум Солеҳ-раиси ҷумҳӯри Ироқ дар баёнияе интихоботро абзори мусолиматомез барои интиқоли қудрат ва ҳалли мушкилоти кишвар хонд ва эълом кард: Интихобот бояд шаффоф, пок ва таъбире аз иродаи мардуми кишвар бошад; иродае ки бидуни фармонравоӣ, бидуни мудохила ва ба дур аз даст бурдан дар натиҷаи интихобот бошад .
Солеҳ тасреҳ кард: Бояд эътироф кунем аз соли 2003, ки ҳокимияти кишварро ба даст гирифтаем, мардуми Ироқ шоистаи зиндагии беҳтаре буданд, аммо шоҳиди шикастҳо, нокомиҳо, мушкилот ва монеъаҳо будем .
Раиси ҷумҳӯри Ироқ таъкид кард: Имрӯз ки ҳудӯди бист сол аз он замон мегузарад бояд бигӯем сохтори ҳокимият мушкилоте дорад ва ниёз аст ин маворид шоҳиди ислоҳоти воқеӣ бошад.
Интихоботи порлумонии Ироқ қарор аст даҳуми октябри 2021 баргузор шавад.
Мустафо Алкозимӣ-раиси ҷумҳурии Ироқ ноябри 2020 қонуни ҷадиди интихоботи ин кишварро пас аз тасвиб дар порлумон таъйид кард.
 


Бештар бихонед :

 

Барчасп