Октябр 07, 2021 20:56 Asia/Dushanbe

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар нахустин сафари худ ба Бейрут, ба унвони вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, зимни эъломи ҳимояти қавии ҷумҳурии исломӣ аз Лубнон, аз омодагии Теҳрон барои ҳимояти ҳамаҷониба аз Лубнон, ба вижа дар шароити иқтисодии душвори кунунӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Амирабдуллоҳиён дар дидор бо Мишел Увн, раиси ҷумҳурии Лубнон, ки дар кохи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд, зимни табрик ба муносибати ташкили давлати ҷадиди Лубнон, саломи гарми оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эронро ба ҳамтои лубнонии вай расонд.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин мавозеи Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, фазои гуфтугӯҳо миёни Теҳрон бо бархе давлатҳои хориҷӣ ва арабӣ ва низ раванди музокироти барҷомиро барои раиси ҷумҳурии Лубнон ташреҳ кард.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон шаби гузашта дар ҳангоми вуруд ба Бейрут, таъкид кард, ки Теҳрон ҳаргиз аз кумак ба Бейрут дар сурати дархост, дареғ намекунад.

Амирабдуллоҳён дар конфронси матбуотӣ пас аз вуруд ба фурудгоҳи Бейрут гуфт: Ҷумҳурии исломӣ комилан итминон дорад ки Лубнон қодир хоҳад буд бар тамоми сахтиҳое ки бо он рӯ ба рӯ аст, пирӯз ояд, ҳамонгуна ки мардуми дӯсту бародари Лубнон бар тамоми мароҳили сахте, ки пушти сар гузоштаанд, пирӯз омадаанд.

 

Бештар бихонед: