Октябр 09, 2021 16:07 Asia/Dushanbe
  • Муқобилаи падофанди ҳавоии Сурия бо ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ

Расонаҳо ҷумъашаб аз муқобилаи падофанди ҳавоии Сурия бо ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ хабар доданд.

Хабаргузории расмии Сурия " САНА " эълом кард падофанди ҳавоии артиши ин кишвар дар ҳоли муқобила бо таҷовузи мушакии режими саҳюнистӣ дар осмони устони Ҳимс дар маркази ин кишвар аст .
Падофанди ҳавоии артиши Сурия чандин мӯшакро бар фарози устони Ҳимс раҳгирӣ ва нобуд кардааст .
Режими саҳюнистӣ ҳамвора барои ҳимояту пуштибонӣ аз террористҳо  мавозеъи артишу зерсохтҳои Сурияро ҳадаф қарор медиҳад .
Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муъодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шудааст.
Артиши Сурия бо кумакҳои мушовираии Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳимояти Русия тавониста парвандаи гуруҳи террористии ДИИШ-ро дар ин кишвар бибандад . Дигар гуруҳҳои террористӣ низ дар ҳоли шикаст хурдан ҳастанд .
Режими саҳюнистӣ башиддат нигарони шикасти комили террористҳо дар Сурия аст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп