Октябр 10, 2021 12:58 Asia/Dushanbe
  • Мустафо Алкозимӣ хостори мушорикати густардаи мардумӣ шуд

Нахуствазири Ироқ пас аз ширкат дар интихоботи порлумонӣ дар Бағдод мардуми кишварро ба мушорикати густарда дар интихобот ташвиқ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Шафақ ниюз, Мустафо Алкозимӣ-нахуствазири Ироқ пас аз боз шудани марокизи раъйгирӣ аз нахустин мақомоти ин кишвар буд, ки дар интихобот ширкат кард .

Алкозимӣ пас аз андохтани раъй ба сандӯқ дар ҷамъи хабарнигорон, шаҳрвандони ироқиро ба ширкат дар интихобот ташвиқ карду афзуд : Ҳануз вақт дорем ироқиҳо бояд берун биёянд ва орои худро ба сандӯқ баёндозанд ва фурсати тағйирро аз даст надиҳанд .
Нахуствазири Ироқ афзуд : Мо дар таҳаққуқи ваъдае, ки дода будем муваффақ шудем ва интихоботро дар даҳуми октябр баргузор мекунем . Ваъда додем ва вафо кардем . Шумо мардуми Ироқ касеро барои ояндаи кишвар муносиб медонед, интихоб кунед .
Сайидаммор Ҳаким-раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ низ бо ширкат дар интихобот раъйи худро ба сандӯқ андохт ва гуфт: Мушорикати густарда дар интихобот пирӯзӣ дар ростои ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Ироқ аст .

Барҳум Солеҳ-раиси ҷумҳурии Ироқ бо ҳузур дар пои сандуқҳои раъй дар панҷумин давр аз интихоботи маҷлиси Ироқ ширкат кард.
Ситоди амалиёти муштараки Ироқ эълом кард: Барои таъмини амнияти баргузории интихобот омодаем ва дар иҷрои тадобири иттихозшуда кӯтоҳӣ нахоҳем кард.
Панҷумин интихоботи порлумонии Ироқ ҳафт субҳи имрӯз ( ба вақти Бағдод ) дар саросари ин кишвар оғоз шуд, то наздик ба 24 миллион шаҳрванди ироқӣ дорои шароити раъйдиҳӣ 329 намояндаи даври ҷадиди порлумонро интихоб кунанд .